Прокуророни генералии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 21 октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Максат Асаналиев мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот оид ба баимзорасонии Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти делимитатсияю демаркатсия ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров сухан гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ин Созишнома қадами таърихӣ буда, эътимод ва ҳамсоягии нек, инчунин муносибати бародаронаро тақвият дод.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






