ПУЛИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ. Имрӯз аз ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ 25 сол сипарӣ шуд

Октябрь 30, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 октябри соли 2025 аз ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ 25 сол сипарӣ шуд. 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» содир гардид ва 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллӣ — «сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додланд, пули миллӣ барои ҳар як давлати мустақил на танҳо воситаи муомилоти иқтисодӣ, балки рамзи аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳибистиқлол будани он маҳсуб меёбад. Барои миллати тоҷик пули миллии сомонӣ нишонаи бозгашт ба давлатдории таърихӣ, ифтихори миллӣ ва обрӯю эътибори давлату миллат мебошад.​

Пули миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии истиқлол ва нишонаҳои возеҳи мустақилият дар истиқрори давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Ба муомилот баровардани пули миллӣ на танҳо падидаи иқтисодӣ, балки рӯйдоди маънавию фарҳангӣ низ буд. Номгузории пул ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷойгиркунии тасвири арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин ёдгориҳои меъморӣ ва таърихӣ дар асъори миллӣ пайванди замони мо бо таърихи ҳазорсолаи миллатро баён мекунад.​

Ин рамзҳо бо забон, эътиқод, арзишҳо ва меъёрҳои миллӣ алоқаманд буда, бахши муҳимми фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Таҷассусми симои қаҳрамонони миллат, ҷойҳои таърихӣ ва нигораҳо дар пули миллӣ ифодаи рамзии ифтихор аз ватандорӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошанд.​ Пули миллӣ рамзе гардид, ки мафҳуми давлатдорӣ, истиқлол ва ҳувияти миллиро фаро гирифта, ба насли оянда паёми таърихӣ мерасонад.​

Таъмини рушди иқтисодиёти ҳар кишвар ба устувории пули миллӣ ва фаъолияти бонкӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Имрӯз пули миллӣ — сомонӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти иқтисодӣ, имкон медиҳад, ки кишвар сиёсати мустақили пулию қарзӣ дошта бошад, нархҳои дохилиро танзим намояд ва дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ қадам монад. Бисёр рамзист, ки пули миллӣ дар остонаи асри XXI баъди 1000 соли давлатдории миллии тоҷикон — Сомониён ба муомилот бароварда шуд.

Бо гузашти вақт пули миллӣ чун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон мақоми худро ҳифз намуд. Имрӯз пули миллӣ — сомонӣ на танҳо воситаи муомилот, балки рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Бо ҷорӣ намудани пули миллӣ миллати тоҷик собит кард, ки қодир аст давлати мустақил дошта бошад, иқтисоди худро танзим намояд ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро соҳиб шавад.​ Дар маҷмӯъ пули миллӣ сарвати миллӣ, обрӯю эътибори миллат буда, рамзи давлатдорӣ, ягонагӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.​

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Дар Вена роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардид
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК-2026 дар Австрия иштирок намуд
Дар Австрия дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИДО баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ 45-УМИ ШУРОИ ИДОРАКУНАНДАГОНИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ. Дар Тоҷикистон нуҳ лоиҳа ва барнома татбиқ мегардад
Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Минбаъд 12 декабр Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ таҷлил мегардад