Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»

Октябрь 10, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи октябр ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар робита ба солгарди оғози фаъолияташ чорабиниҳои гуногун баргузор менамояд. Дар арафаи ин рӯйдод мо бо директори раёсати минтақавии ширкат дар ин вилоят Раим Саданшоев дар бораи алоқа, кӯҳҳо, футбол ва ғайра суҳбат менамоем.

— Бадахшони Тоҷикистон минтақаи дорои шароити хосу мураккаб маҳсуб мешавад. Дар ин баландкӯҳҳо бунёди шабака ва ба истифода супоридани он чӣ гуна аст?

— Ин, албатта, кори хеле душвор аст. Қарор доштан дар ин ҷо ҳатто барои одами ношинос душвор аст: баландии чандин километр аз сатҳи баҳр, хунукии сахт ва дигар хусусияти табиӣ. Кормандони алоқа на танҳо бояд кори шабакаро назорат кунанд, балки зуд-зуд таҷҳизотро воқеан бо қувваи худ ба кӯҳҳо дастрас намоянд. Вале барои мо ин кори муқаррарӣ аст. Давоми ин солҳо, аз лаҳзаи кушодашавии раёсати минтақавӣ мо тавонистем корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Дар айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 240 пойгоҳи базавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъолият доранд, ки аз ин шумора тақрибан чоряки онҳо стандарти “босуръат”-и 4G/LTE-ро таъмин мекунанд, ки барои корбарони интернет мувофиқ аст. Мо ҳам хати алоқаи нахӣ-нурӣ ва ҳам хати радиорелеӣ бунёд карда истодаем, ки ин кор на танҳо дар шароити кӯҳсор осон нест, балки барои таҳвили боэътимоди трафик низ зарур аст. Нақшаҳои наздиктарин ба кор андохтани хати радиорелеӣ байни Хоруғ ва Ванҷро пешбинӣ менамоянд. Ин устувории алоқа ва сифати таҳвили маълумотро беҳтар мекунад, ки дар шароити иқлими ноустувор муҳим аст.

— Дар баъзе ноҳияҳои дурдаст, масалан дар Мурғоб чунин ба назар мерасад, ки то ҳол танҳо алоқаи ширкати шумо пешниҳод мегардад. Дар бораи фарогирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҷмуъ чӣ гуфтан мумкин аст?

— Бале, дар самти Мурғоб мо аслан ягона ҳастем — дар онҷо шабакаи 4G/LTE дорем ва идораи мукаммали хизматрасонии муштариён фаъолият дорад (дар ВМКБ ҳамагӣ 9 адад мавҷуд аст). Барои мавзеъҳои дурдаст ин аҳамияти калон дорад. Одамон метавонанд аз алоқаи муосири мобилӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ истифода баранд, ҳама масъалаҳои хизматрасониро бе сафар ба шаҳрҳои дигар дар маҳал ҳал намоянд. Умуман, 89%-и аҳолии вилоят ба шабакаи алоқаи мо дастрасӣ доранд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст — алалхусус бо назардошти он, ки бинобар шароити душвори маҳал баъзан барои ҳар деҳаи ҳамсоя пойгоҳҳои алоҳидаи базавӣ насб кардан зарур меояд; сигнал аз деҳаҳои ҳамсоя аз кӯҳҳо намегузарад. Бо вуҷуди ин, аксарияти сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аллакай ба алоқа ва интернети мобилӣ дастрасӣ доранд. Фарогирии садфоиза дар нақша аст. Сухан дар бораи дастрасӣ ба ҳама хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои дар заминаи интернети босуръати мобилӣ фаъолияткунанда меравад. Ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарин муштариёни мо бояд имконият дошта бошанд, масалан, тавассути смартфони худ маблағҳояшонро идора кунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ муошират намоянд ва видеоҳоро ба таври онлайн тамошо кунанд. Аз ин рӯ, мо дар тамоми гӯшаю канори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмон ва муосиргардонии шабакаро идома медиҳем.

— Оё МегаФон Тоҷикистон ташаббусҳои иҷтимоиро дар минтақа дастгирӣ менамояд?

— Албатта. Мо бар он назарем, ки саҳмгузорӣ дар рушди минтақа набояд танҳо бо алоқаю ҷанбаҳои техникӣ маҳдуд шавад. Дар доираи имконият мо хонаи кӯдакон, форумҳои касбӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзиширо дастгирӣ мекунем. Тобистони имсол бо Федератсияи волейболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шартнома оид ба шарикӣ имзо намудем, ба варзишгарон ва дастаҳои беҳтарин кумак мерасонем. Ногуфта намонад, ки бозиҳои даври ниҳоии мусобиқаи кӯдаконаи “МегаФон Life дар сабки футбол”, ки аз ҷониби ширкати мо дар шарикӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил карда шуданд, дар Хоруғ баргузор гардиданд. Ин лоиҳа тамоми мамлакатро фаро гирифта, танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 340 писарбача тавонист фазои футболи бузургро эҳсос намояд. Мо худамон дар ин ҷо зиндагӣ мекунем ва воқеан мехоҳем, ки ҳаёт дар ин вилоят рангинтару ҷолибтар ва фаъолтар бошад. Ҳамин тавр, МегаФон Тоҷикистон на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумост.

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Октябрь 10, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

IRS: Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф то 15 сантиметр мерасад
Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид