«Регар-ТадАЗ» барои иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 ба Бишкек сафар кард

Октябрь 24, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол- дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 ба Бишкек рафт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, «Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), «Ал-Арабӣ» (Кувайт) ва «Сафо» (Лубнон) рақобат менамояд.

Дар бозии аввал «Регар-ТадАЗ» бо «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон қувва месанҷад. Ин вохӯрӣ 25 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 24, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд