«Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 бо дастаи футболи Ал-Арабӣ»-и Кувайт бозӣ кард
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Регар- ТадАЗ»-и Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/ 26 бо дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бозӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки ин бозии ҷолиб дар гурӯҳи «С» 28 октябри соли равон дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови пойтахти Қирғизистон — шаҳри Бишкек баргузор гардид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Ҳамлагари дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 33-юм ҳисобро кушод. Баъди шаш дақиқа, голи ҷавобиро бозингари дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт Абдулазиз Носарӣ ба нишон расонд. Голи дуюми дастаи «Ал-Арабӣ»-ро Юсуф Маҷид Ал-Шамарӣ дар дақиқаи 70-ум ба ҳадаф расонид.Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи «С» байни дастаҳои футболи «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон ва «Сафо»-и Лубнон бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон ба поён расид.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот, дастаҳои футболи «Мурас Юнайтед» ва «Ал-Арабӣ» чор имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо, дастаи футболи «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон дар ҷойи аввал ва дастаи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт дар ҷойи дуюм қарор доранд. Дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Тоҷикистон ва «Сафо»-и Лубнон бо якимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чорумро сазовор гаштаанд.
Бояд иброз намуд, ки дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи «С» 25-уми октябр бо дастаи футболи «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буд. Бозии дигари даври аввал байни дастаҳои «Ал-Арабӣ» ва «Сафо» бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «С» ба таври мутамарказ дар як ҷо, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек, доир шудаанд. Ғолиби гурӯҳ ба плей-оффи мусобиқот роҳ меёбад.
Даври 3-юм
31 октябр (ҷумъа)
15:00 — «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) — «Сафо» (Лубнон)
19:00 — «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) — «Ал-Арабӣ» (Кувайт)
Замони оғози ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
Лигаи даъвати АFC сеюмин мусобиқоти бошгоҳии футболи Осиё маҳсуб мешавад. Дар мавсими ҷорӣ дар мусобиқот 20 даста иштирок мекунад, ки ба ду минтақа – Ғарб ва Шарқ – тақсим шудаанд. Ҳар як даста барои иштирокаш дар мусобиқоти гурӯҳӣ 100 ҳазор доллар мегирад. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ки аз 25-уми октябр то 1-уми ноябри соли 2025 идома хоҳад кард, ҳашт даста ба чорякфинал роҳ меёбад. Бозиҳои чорякниҳоӣ моҳи март, ниманиҳоӣ моҳи апрели соли 2026-ум баргузор мешаванд. Финали мусобиқот 9-уми майи 2026 доир мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






