Ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русия бо фаъолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд

Октябрь 10, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Алексей Комиссаров ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо фаъолияти он шинос шуд.

Алексей Комиссаров бо якчанд маркази таълимӣ ва илмии Академия, аз ҷумла Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ва Маркази дастгирӣ ва рушди занони роҳбарикунанда ва болаёқат шинос гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Алексей Комиссаров аз истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии Академияро барои густариши ҳамкории илмӣ-таҳсилотӣ ва мубодилаи мутахассисон иброз намуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин вохӯрӣ оғози марҳалаи нави ҳамкории муассир буда, ба таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистону Русия ва рушди низоми муосири хизмати давлатӣ мусоидат менамояд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд