Роҳҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия 2 октябр дар шаҳри Ереван зимни вохӯриҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон Анна Вардапетян ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Сергей Хмарук баррасӣ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯриҳо самтҳои фаъолияти ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдор баррасӣ шуда, дурнамои муносибатҳо барои солҳои оянда муҳокима гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ, ки ба таҳкими муқовимат ба коррупсия ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат мекунад, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи он дар оянда иброз доштанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки идомаи ҳамкории судманд ба густариши муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо мусоидат намуда, дар тақвияти муқовимат ба коррупсия нақши муҳим хоҳад бозид.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






