«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт

Октябрь 18, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати кормандону омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ҳамроҳ бо як зумра адибони маъруфи мамлакат ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, бо бунёдгарони ин иншооти азими аср суҳбату вохӯриҳо доир намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин сафар.

Нахуст бо иштироки устодону кормандони донишкада бо мақсади тарғиби тарзи ҳаëти солим ва оммавияти варзиш дар даромадгоҳи НБО-и «Роғун» машқи пагоҳирӯзӣ доир карда шуд.

Сипас ҳайати донишкада аз минтақаи обқабулкунанда, сарбанди асосӣ ва толори мошинҳои неругоҳ аз наздик шинос шуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону кормандони НБО-и «Роғун» дар ин корзори нангу номус шинос гардиданд.


Тавре ректори донишкада Амир Иброҳимзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, «Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар мавриди истифодаи иқтидори пурраи он ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад. Истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти энергетикии имрӯзаи кишварамонро қонеъ мегардонад, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд».

Устодони донишкада изҳор доштанд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони НБО-и «Роғун» ба рамзи ваҳдату иқтидори созандагии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Онҳо фаъолияти шабонарӯзии мутахассисону сохтмончиёнро арзишманд ва шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд. Аз саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти азим ёдовар шуда, ин ҳайат роҳандозии лоиҳаҳои калидии соҳаи энергетикаи мамлакатро баланд арзёбӣ намуданд.

«Ташкил намудани чунин сафари дастҷамъона ба мавзеи сохтмони иншооти бузурги аср бо иштироки ҳайати устодони донишкада сабаби руҳбаландии сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат- НБО-и «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд»- иброз дошт муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Рустам Обидов.


Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ буда, ояндаи Тоҷикистонро пурнуру дурахшон менамояд. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ««Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Неругоҳ бо маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё мояи ифтихору сарфарозии мардуми тоҷик мебошад, зеро он барои садсолаҳо барои тоҷикистониёну минтақа бунёд ёфта, омили рушд ва боло рафтани сатҳи иқтисодиёти мамлакат, баланд гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии мардум мегардад.

Дар ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то моҳи августи соли равон 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои масъулини неругоҳ, соли 2026 иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»