Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ бо ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ самимона пешвоз гирифтанд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар майдони 3,3 гектар бунёд гардидааст, оғоз ёфт.
Майдони Парчам ва Нишони давлатиро, ки рамзи ифтихору соҳибихтиёрист Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Қомат афрохтани муқаддасоти миллӣ дар ноҳия ин рамзи ифтихор ва ягонагии сокинон ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, идомаи анъаноти нек ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар майдони мазкур, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам аст.
Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 52 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот дар масоҳати 32 ҳазор метри мураббаъ сабзкорию гулкорӣ ва чароғон шуда, дар он наздики 600 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Нишони давлатӣ бошад, 22 метр баландӣ дошта, таҳкурсии он бо санги мармар оро ёфт.
Роҳравҳои майдон дар масоҳати наздики 5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон курсиҳо гузошта шудааст.
Майдони мазкур, ки дар шаҳраки Ҳулбук воқеъ аст, ба макони дилкашу тамошобоб барои сайругашти сокинон табдил ёфтааст ва барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ватандӯстона бо ҷалби ҷавонону наврасон пешбинӣ гаштааст.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






