Сафири Тоҷикистон бо Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Ҳасан Ас-Сувайдӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои калидии ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақиму ғайримустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ташкили ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва рушди шарикии байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ҳар ду кишвар табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанберо барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






