«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад

Октябрь 17, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр, дар рӯзи ҷашни Иди Меҳргон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» ташкил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Хатсайри сайёҳӣ бо ҷалби намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе, меҳмонону сайёҳони хориҷии ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир карда мешавад.

Зимни хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён оид ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Меҳргон маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Ҷамъшавии иштирокчиён соати 08:00 дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаракат соати 08:30 ба макони таҷлили ҷашн — Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар назар аст.

Ба иштирокчиёни хатсайр обҳои нӯшокӣ, шириниҳо ва таомҳои миллӣ пешниҳод мегарданд.

Ҳадаф аз ташкили хатсайри мазкур рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон арзёбӣ мегардад.

Дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон баргузории чорабиниҳои ҷолиб, аз ҷумла «Фестивали намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ», «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди тарбузу харбуза ва каду», «Иди себ ва ангур», «Фестивали оши палов», инчунин «Намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» дар назар аст.

«Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳонро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2231829; 917370707; 003881616 (тариқи WhatsApp) номнавис намоянд ва аз ин хатсайрҳо ройгон истифода баранд», — шарҳ доданд дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат ва имконияти сайёҳии мамлакат аҳамияти бузург дошта, метавонанд ҳамчун бренди миллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ хизмат намоянд.

АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Октябрь 17, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд