Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия»-ро зиёда аз 600 нафар хабарнигорони дохилию хориҷӣ инъикос менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор мегардад. Барои инъикоси ҳамаҷонибаи ин нишаст зиёда аз 600 нафар хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар толори маркази матбуотӣ, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, ҷамъ омадаанд. Дар ин хусус хабарингори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ, барои инъикоси чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ на танҳо хабарнигорон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки намояндагони телевизиони «Ал-Ҷазира», агентии «Синхуа» ва чанд нашрияи олмонӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.
Барои кори самараноки хабарнигорон ҷониби Тоҷикистон шароити зарурӣ муҳайё намудааст. Аз ҷумла, дар ду толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст, ки барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ниҳоят мувофиқ мебошад. Дар ин маркази матбуотӣ барои хабарнигорон ҷойи кори мувофиқ омода гашта, компютерҳои ба интернет пайваст ташкил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8–10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе якчанд чорабинии муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
Барои иштирок дар ин чорабиниҳо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






