Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки сарони давлатҳо қарорҳоро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди ИДМ имзо карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳори итминон намуд, ки «ин тасмимҳо ба фаъолияти байналмилалии Созмон мусоидат карда, обру ва намояндагии онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебаранд».
Иброз гардид, ки иштироккунандагони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои ИДМ ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
«Дар соли раёсати Тоҷикистон марҳилаи дуюми Барномаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодӣ мувофиқа ва қабул гардид. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи рушди саноати вазнини мошинсозӣ ба имзо расид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон амалӣ гардид. Инчунин дар бахши энергетика дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар таъмини амнияти энергетикии минтақа қабул гардид», — тазаккур дод Сироҷиддин Муҳриддин.
Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки дар соҳаи нақлиёт бо ташаббуси Тоҷикистон «Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои аъзои ИДМ» таҳия карда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






