Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Дар ин замина, тақвияти ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолию логистикӣ зарур шуморида шуд.
Баргузории мунтазами ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ ба манфиати кор дониста шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






