Сергей Лебедев аз нав Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин гардид

Октябрь 10, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои як давраи дигар ба мақоми Дабири кулли Иттиҳод таъйин карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулл дар кори муҳимаш ба нафъи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муваффақият ва неруи бепоён орзу намуд.

Иброз гардид, ки аз 1 январи соли 2026 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон мегузарад.

«Мо омодаем, ки дар ин рисолати муҳим ба дӯстони туркманамон ҳамаҷониба кумак расонем», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Акс: ТАСС

Октябрь 10, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»