РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд

Октябрь 11, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба миқдори 247 ҳазору 774 бех ниҳоли павловния парвариш карда шудааст. Парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то ба 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Ба иттилои сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов, парвариши ниҳоли павлония дар доираи татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» амалӣ мегардад.

Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст.

Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмон истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.

Ба иттилои Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парвариш метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилот вобаста ба истифодаи энергия ва бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад.

Барнома барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст намудани сатҳи вобастагӣ ба масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд.

Тавре сардори шуъбаи бунёди Агентӣ иброз намуд, павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад.

Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро азхуд намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.

Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Бартарӣ он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад.

Чӯби корие, ки аз дарахти павловния гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мулоим, ба оташ ва намӣ тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намешиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш онро дар соҳаи мебелсозӣ истифода мебаранд.

Тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ мебошад.

Ҳамзамон зиёд намудани плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корӣ, паст намудани сатҳи таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ (занбӯр онро аз гули павловния ҳосил менамояд), баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо ба рушди иқтисодиёт ба воситаи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ба воситаи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯбии ҷангал, баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд