СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар кинотеатрҳои ҷумҳурӣ беш аз 40 филм намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябр дар кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 40 филм намоиш дода мешавад. Дар ин хусус 16 октябр зимни нишасти матбуотии синамоҷашнвора иттилоъ дода шуд.
Намоиши ин филмҳо берун аз филмҳои озмунӣ буда, дӯстдорони синамо метавонанд дар кинотеатрҳои ҷумҳурӣ онҳоро тамошо намоянд.
Бояд гуфт, ки дар озмуни синамоҷашнвора 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ бо ҳам рақобат менамоянд.
Аз байни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд.
Филмҳои пешниҳодшуда аз Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия ва Муғулистон мебошанд.
Имрӯзҳо баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон аз ҷониби ҳакамони дохилӣ ва хориҷӣ идома дорад. Ҳакамони байналмилалии синамоҷашнвора дар ҳайати муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажӯҳишгарони фарҳанги синамоӣ ва намояндагони санъати синамо фаъолият доранд.
Дар назар аст, ки ғолибон дар номинатсияҳои «Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ», ҷоизаҳои «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор» «Беҳтарин оҳангсоз», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», ҷоизаи махсуси ҳакамон, таваҷҷуҳи тамошобин, ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ва Ҷоизаи «Синамо бе марз» барои саҳм дар рушду таҳкими дӯстии халқҳо ва хамкории синамогарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» 19 октябр, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
20 октябр меҳмонони Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе- «Тоҷи Сомон» ба шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Ҳисор ва Ваҳдат сафар намуда, бо имконоти сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихии ин шаҳрҳо шинос мегарданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд






