Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар самтҳои рақамикунонии соҳаи сохтмон баррасӣ гардид

Октябрь 10, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар доираи нишасти вазирони ҷаласаи Кумита оид ба рушди шаҳрсозӣ, манзил ва идоракунии замини Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Татяна Молчан баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар самтҳои рақамикунонии соҳаи сохтмон, густариши ҳамкорӣ дар самти шаҳрсозӣ ва мубодилаи таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар нишасти вазирони ҷаласаи Кумита оид ба рушди шаҳрсозӣ, манзил ва идоракунии замини Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода оид ба татбиқи «Стратегияи рушди устувор ва дастрасии манзил», рақамикунонии соҳаи сохтмон, технологияи инноватсионӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, бехатарии сейсмикӣ, ҳадафҳои стратегияи иқтисоди «сабз» ва стратегияи рушди соҳаи сохтмон сухан гуфт. Мавсуф ҳамзамон рӯнамои иншооти нодири Тоҷикистонро дар партави сиёсати созандаю ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд