Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд. Дар робита ба ин директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо муовини Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Григоренко мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо аз имконияти мавҷуда, инфрасохтори муосир ва имконияту дастовардҳои резидентҳои IT Park-и Душанбе шинос гардида, масоили рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, густариши ҳамкории дуҷониба дар самти технологияҳои иттилоотӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ ва дастгирии стартапҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






