Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» баргузор гардид

Октябрь 9, 2025 19:05

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» баргузор шуд.

Дар макони чорабинӣ — Кохи ҳамоишҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро як-як гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Русия» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд.

Қабл аз оғози ҳамоиш маросими аксбардории хотиравӣ доир шуд.

Сипас, дар толори бошукуҳи Саразм Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ — Русия» таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард.

Нахуст, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон — меҳмонони воломақомро самимона ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Русия» мусоидат менамояд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад.

Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки қарорҳои аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима қабулшаванда ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби «Осиёи Марказӣ — Русия» замина мегузорад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия нишон медиҳад.

Дар идома ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар идомаи ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои иштирокдор сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами матраҳ изҳори андеша карданд.

Дар фарҷом кори Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ — Русия»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба иштирокдорони он барои кори созандаву судманд изҳори сипос намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи кори ҳамоиш Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.

Ҳамоиши Осиёи Марказӣ - Русия 09.10.2025

Октябрь 9, 2025 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд