Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби мақоми ҳафтум гардид
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 8 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими пӯшидашавии Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи баланд баргузор гардид. Зимни он муовини Сарвазири Озарбойҷон, раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Самир Шарифов гуфт, ки дар бозиҳо ба ҷуз аз варзишгарони ҳашт кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Уммон иштирок намуда, аз рӯйи 23 намуди варзиш рақобат карданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ додааст.
«Варзишгарон барои 235 маҷмуи медалҳои инфиродӣ ва дастҷамъӣ талош варзида, ба миллионҳо мухлисон ва дӯстдорони варзиш лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи шодӣ, ҳаяҷон ва сарбаландӣ бахшиданд. Мо ба ҳама варзишгароне, ки дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд, барои ин эҳсоси ифтихор изҳори сипос мекунем», -баён гардид дар маросим.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд аз рӯйи барномаи Бозиҳо, ки дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон бо иштироки 13 даста баргузор шуд, намояндагони даҳ давлат ба гирифтани медалҳо сазовор гардиданд.
Дар ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Русия бо 231 медал (130 тилло, 61 нуқра ва 40 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб гардид. Дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо 184 медал (33 тилло, 56 нуқра ва 95 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Беларус бо 122 медал (32 тилло, 38 нуқра ва 52 биринҷӣ) ҷойи сеюмро гирифтанд.
Инчунин дастаҳои мунтахаби Узбекистон бо 119 медал (25 тилло, 33 нуқра ва 61 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо 82 медал (10 тилло, 24 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо 25 медал (1 тилло, 15 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо 22 медал (1 тилло, 5 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум ва Туркманистон бо 2 медали биринҷӣ дар ҷойи ҳаштум қарор гирифтанд.
Дастаҳои мунтахаби Покистон ва Туркия бо яктоӣ медали биринҷӣ ҷойи 9-умро соҳиб шуданд. Варзишгарони се кишвар — Куба, Кувайт ва Уммон бе медал монданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 142 варзишгар дохил буд, ки дар 18 намуди варзиш иштирок карда, аз рӯйи 7 намуд 22 медал гирифтанд.
Дар намуди бокс муштзанҳои наврас ва ҷавони тоҷик сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд. Ягона медали тиллоро Беҳрӯз Умаров дар вазни то 50 кило соҳиб шуд. Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни то 48 кг ва Акбарҷон Абдуллоев дар вазни то 57 кг медалҳои нуқра, Дамир Назаров дар вазни то 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни то 66 кг, Амир Нозимов дар вазни то 75 кг ва Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни то 60 кг байни духтарон медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Фурӯғ Сарҳадзода ягона варзишгар дар байни духтарони тоҷик аст, ки дар Бозиҳои сеюм соҳиби медал шуд.
Дар намуди гӯштини ҷудо Юсуф Замонов дар вазни то 50 кг медали нуқра, Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар қайиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов соҳиби ду медал шуд. Вай дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра ва ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин ҷуфти Ислом Носиров/Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ гардид.
Дар намуди гӯштини юнону румӣ Алишер Рӯзимадов дар вазни то 71 кг медали нуқра, Муҳаммадёсин Ибодуллоев дар вазни то 45 кг, Маҳдӣ Баротов дар вазни то 60 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар намуди гӯштини тарзи озод Идрис Баҳромов дар вазни то 71 кг, Алиризо Баҳромов дар вазни то 80 кг, дар таэквондо WT Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни то 54 кг, Нурулло Муродов дар вазни то 74 кг, дар самбо Назаралӣ Холов дар вазни то 64 кг, Ёсин Ҳукуматов дар вазни то 71 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин Бозиҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар баргузор шуда буд.
Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал (7 нуқра ва 7 биринҷӣ) гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.
Дар Бозиҳои дуюми кишварҳои аъзои Иттиҳод, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларусия доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Уммон ва Эрон иштирок намуда, аз рӯи 20 намуди варзиш байни ҳам рақобат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 130 нафар аз рӯи 13 намуд сабқат намуда, бо касби 13 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»









 
						
 ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар  Қазоқистон соҳиби  чор  медал гардиданд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар  Қазоқистон соҳиби  чор  медал гардиданд БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид «Истиқлол» бар  дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар  бозии охири даври 20-уми Лигаи олии  Тоҷикистон  ғолиб омад
«Истиқлол» бар  дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар  бозии охири даври 20-уми Лигаи олии  Тоҷикистон  ғолиб омад «Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26  бо дастаи  футболи  Ал-Арабӣ»-и Кувайт  бозӣ  кард
«Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26  бо дастаи  футболи  Ал-Арабӣ»-и Кувайт  бозӣ  кард БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин мусобиқа  соҳиби 12  медал гардиданд
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин мусобиқа  соҳиби 12  медал гардиданд Варзишгарони собиқадори тоҷик дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба   самбо соҳиби  10 медал гаштанд
Варзишгарони собиқадори тоҷик дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба   самбо соҳиби  10 медал гаштанд Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ анҷом дод Варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъ дорои  21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад
Варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъ дорои  21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 муайян гардиданд
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 муайян гардиданд Имрӯз «Регар-ТадАЗ» аввалин бозиро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 баргузор мекунад
Имрӯз «Регар-ТадАЗ» аввалин бозиро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 баргузор мекунад 
									 
									 
									 
									 
									





