Тоҷикистону Қирғизистон дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Октябрь 15, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Санади муҳими ҳамкориро ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Токтомаметов ба имзо расониданд.

Ҳуҷҷати муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ дар заминаи таҷрибаи ҳамдигар, коркарди барномаҳои таълимии муштарак ва дар ин замина ба роҳ мондани даврҳои муштараки такмили ихтисос, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштарак байни омӯзгорони ҳарду муассиса амалӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки донишкада ҳоло бо 33 муассисаи олӣ ва олии касбии дохилию хориҷӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон ва табодули таҷриба ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Октябрь 15, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид