Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд

Октябрь 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр  дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Директори генералии ширкати қатарии Qatar Manpower Solutions Co. (Jusour) Абдулходи Бахит Барқан баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи дастурҳои Роҳбарияти олии ду мамлакатро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори меҳнати Қатар, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва бартарафсозии мушкилиҳои соҳа дар доираи талаботи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Октябрь 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд