Вазорати молияи Тоҷикистон ва Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Эрон ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 27.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Раиси Раёсати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ мулоқот намуд, ки дар он ҳамкории дуҷонибаи мавҷуда баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, мулоқот ба масъалаҳои «Фишангҳои молияи исломӣ», «ESG ва маблағгузории сабз», «Идоракунии корпоративӣ», хуруҷи ширкатҳои саҳомӣ ва ширкатҳои бузурги ватанӣ ба бозорҳои коғазҳои қиматноки дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин татбиқи ҷойгиркунии IPO ва вомбаргҳои инфрасохторӣ равона гардидаанд.
Мусоҳибон дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳои пилотӣ ва рақамикунонии инфрасохтори бозори коғазҳои қиматнокро мувофиқа намуданд. Ҳамчунин имконияти табодули мунтазами коршиносон ва эътирофи тахассуси касбии мақомоти танзимкунандаи ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






