«ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон-ҳастии миллат» силсилаҳамоишҳо баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқият эътироф шудааст. Ба ин муносибат ҳамасола 5 октябр- Рӯзи забони давлатӣ бо баргузории ҳамоиш ва конфронсҳои сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуда буданд, ки «ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ҳангоми суханронӣ аз ин сарвати сарвати бебаҳо бояд чунон истифода барад, ки сомеъ аз гуфтори ӯ як ҷаҳон маънӣ бардорад. Зеро забонро беҳуда воситаи муҳими мубодилаи афкор дар ҷомеа нашумурдаанд».
Таъкид карда шуд, ки забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Яке аз муҳимтарин дастовард дар ин роҳ он аст, ки солҳои охир сафи хушсаводон, бахусус сафи онҳое, ки забони адабии имрӯзаи тоҷикро арҷгузорӣ менамоянд, рӯз то рӯз меафзояд.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






