«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир гардид

Октябрь 4, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Забони ҳар халқу миллат оиинаи рӯзгори миллат ва донишу фарҳанги мардум мебошад. Инчунин забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад. Ин матлаб зимни ифтитоҳи ҳамоиш дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ баён гардид.

Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода иброз намуд, ки «забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ донишу маърифати давоми ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  гӯётарин далели ҳастии забони тоҷикӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар он зоҳир меёбад, ки миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанг ва тамаддуни хешро бо ҳамин забон иншо ва дар саҳифаҳои тиллоии таърих сабту ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Дар идомаи ҷаласа меҳмонон оид ба таърих ва бузургдошти забони тоҷикӣ ва хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи забони давлатӣ маърузаи илмӣ намуданд.

АКС: Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Октябрь 4, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст