10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, 1 нафар дар номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ҷойи якум, 2 нафар дар номинатсияҳои «Математика» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ҷойи дуюм ва 7 нафар дар номинатсияҳои «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ», «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва «Физика ва астрономия» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ аз донишгоҳ дар озмун зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд. Дар даври ниҳоии озмун, ки аз 21 то 25 октябр баргузор шуд, 13 нафар иштирокчӣ ба ин марҳила роҳ ёфтанд, ки аз онҳо 10 нафар дар номинатсияҳои гуногун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ба таъкиди масъулини донишгоҳ, ин дастовард натиҷаи меҳнату заҳмати софдилонаи омӯзгорону донишҷӯён буда, дар таърихи иштироки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмун як саҳифаи нави ифтихорро боз намуд. Байни устодони ғолиб 4 нафар намояндаи факултетҳои гуногун буданд, ки бо дониш, навоварӣ ва таҳқиқоти илмии худ саҳми арзанда гузоштанд.
Натиҷаи бадастомадаи донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро метавон натиҷаи таърихӣ арзёбӣ намуд, зеро он на танҳо сатҳи баланди омодагии иштирокчиёнро нишон дод, балки нуфузи донишгоҳро дар фазои илмиву маърифатии ҷумҳурӣ боз ҳам таҳким бахшид.
Бо ифтихор ва эҳтиром, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ изҳори миннатдорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд, ки бо ташаббуси бевоситаашон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро ташкил ва баргузор намуда, сатҳи илмӣ ва маърифатии насли наврас ва донишҷӯёнро тақвият мебахшанд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






