13 НОЯБР-РӮЗИ ТАЪСИСИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ». Ин шабакаи мусиқӣ дар рушди фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад

Ноябрь 13, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябри соли 2017 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» идораи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуд. Ин шабака 16 ноябри соли 2021 ба Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» тағйири ном кард, ки то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

Ҳадафи таъсиси шабакаи нави мусиқӣ рушд додани мусиқии миллӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳунармандон ва сарояндагони тоҷик мебошад.

Телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» бо таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз буда, ҳаҷми пахши барномаҳои он 24 соат аст. Ин шабака ба моҳвора пайваст мебошад ва барномаҳои онро метавонанд дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон тамошо намоянд. Он дар дигар давлатҳо ба воситаи ширкатҳои кобелӣ, ба воситаи моҳвора, инчунин ба воситаи интернет дар фармати HD пахш мегардад.

Тавре аз ин муассиса ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, мақсад ва вазифаи асосии ин телевизион таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳими соҳаи фарҳанг ва мусиқӣ, таҳия намудани барномаҳо оид ба дастовардҳои мусиқии миллӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, муаррифӣ намудани ҳунармандони касбӣ ва истеъдодҳои ҷавон, тарғиби фарҳанг, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳунаромӯзӣ дар соҳаи мусиқии касбӣ ва дар маҷмуъ беҳтар намудани сифати барномаҳои телевизионӣ ва муаррифии арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ кормандони соҳаи телевизион ва радио марҳилаҳои рушду инкишофи бахшҳоро мунтазам инъикос намуда, фазои иттилоотии мамлакат бо афкору муҳтавои тарғибгари манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва дӯстию рафоқат таъмин карда шуд.

Дар айни замон аз ҷониби кормандони ин муассиса беш аз 30 барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ ба тамошобинон пешниҳод мегардад. «Мондагор», «Фуруғи Шашмақом», «Истеъдод», «Набзи наво», «Шиносномаи ҳунар», «Садои ошно», «Эъҷози эҷод», «Дилошно, «Чеҳра», «Навоҳанг», «Ситораи ҷаҳон», «Даргоҳи ҳунар», «Истеъдодҳои ҷаҳон», «Файзи Истиқлол», «Оҳанги зиндагӣ», «Шукуҳи истиқлол», «Рози наво», «Шоми Шаҳнавоз», «Хушзеҳн», «Ангора», «Мутриби хушнаво», «Дилангез», «Руҳафзо», «Савти Фалак» аз ҷумлаи барномаҳое мебошанд, ки дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд доранд.

Барномаҳои телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи завқи эстетикӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик ба ҷаҳониён нақши муҳим мебозанд. Кормандони он бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба ҳунар саъй доранд, ки барномаҳои шабака ҳамеша ҷолиб ва мукаммал бошанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 13, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад