35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ шумораи муассисаҳои соҳаи маориф меафзояд

Ноябрь 16, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии    Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Такфони деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ   кӯдакистон барои 80 нафар,  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва бунёди чанд иншооти таъйиноти гуногун, бомаром идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳияи Айнӣ иттилоъ медиҳад.

Дар деҳаи Такфон 3 иншооти муҳим — бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон барои 80 нафар ва  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо дастгирии ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» мавриди навсозӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии    Истиқлолияти давлатӣ  сохтмони 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаи таълимии томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла,  дар шаҳраки Зарафшон-2, деҳаҳои Ревад, Фатмев, Ғаберуд, Похут, Томин ва Урметан сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ оғоз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия соли гузашта ва дар нуҳ моҳи соли равон сохтмони 3 муассисаи таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди 4 муассиса 6  муассисаи томактабӣ ба анҷом расид. Илова бар ин, 4 майдончаи варзишии назди муассисаҳои таълимӣ навсозӣ гардид.

Ҳамчунин, дар деҳаи Ғаберуди деҳоти Анзоб бинои нави таълимӣ қомат афрохт. Муассиса аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи муосири сохтмон сохта шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тасмим гирифтааст дар ҳар деҳае, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ дар он зиндагӣ менамояд, муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд намояд. Дар ин замина дар деҳаи Томин, яке аз деҳаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Айнӣ сохтмони кӯдакистони муосир оғоз гардид. Тибқи нақша, ин муассиса дуошёна буда, барои 60 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Иншооти нав бо тамоми шароити муосир бунёд гардида, дорои ҳуҷраҳои таълимӣ, утоқҳои хоб, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ ва техникиву беҳдоштӣ хоҳад буд.  Корҳои сохтмонӣ  бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва сокинони саховатпешаи деҳа амалӣ мегарданд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  аз 28 декабри соли 2024  таъкид гардидааст: «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад