Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд

Ноябрь 3, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 ноябри соли равон дар шаҳри Бохтар  Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» баргузор мегардад. Дар доираи баргузории ин форум байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо  мерасанд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониториниги Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фирӯз Ғоибназарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар форум шарикони рушд, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарони минтақаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин, Туркия ва доираи васеи соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар ду панел — «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: имкониятҳои рақамикунонӣ, шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили вилояти Хатлон ба маркази иқтисоди муосир» ва «Аз замин то бозор- рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳалӣ дар вилояти Хатлон» гузаронида мешавад.

Дар ин машварату ҳамоишҳо механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилоят, саёҳати экотуризм ва маҳсулоти миллӣ, бренд ва рақамикунонии содирот, инфрасохтори логистикӣ, дастрасӣ ба бозорҳои нав, инчунин ҷалби занону ҷавонон ба занҷираи арзиши кишоварзӣ баррасӣ мегарданд.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Ҳамзамон доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Норак шинос гардида, мавзеъҳои ҷолиби вилояти Хатлонро тамошо менамоянд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат гузаронида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд