9 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam -2025 иштирок мекунанд

Ноябрь 26, 2025 08:35

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 30 ноябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 оид ба намуди гӯштини ҷудо баргузор мешавад, ки дар он 9 паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 паҳлавони шинохта дохил аст, ки аз рӯйи 5 вазн байни мардон рақобат хоҳанд кард: Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кило, Абӯбакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев ҳарду дар вазни то 73 кило, Суннатулло Мӯсоев ва Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кило, Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ҳарду дар вазни то 90 кило, Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳарду дар вазни то 100 кило дар ин мусобиқаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 беш аз 390 варзишгар (233 мард ва 157 зан) аз 53 давлат рақобат менамоянд. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн байни занон доир мегардад.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра — 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ — 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо «Abu Dhabi Grand Slam 2024», ки моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 26, 2025 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад