Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 ноябр дар Донишгоҳи марказии ҷанубии шаҳри Чаншаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи «Ҳамкорӣ ва ҳамгироии саноат, маориф, таҳқиқот ва татбиқи металлургияи зеҳнӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он устодони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, дар конференсия олимони 57 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургӣ Шаҳноза Раҳимова дар мавзуи «Ташаккул ва рушди саноати маъдан дар шимоли Тоҷикистон» ва мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ Ҳаёт Раҳимзода дар мавзуи «Коркарди самараноки истеҳсоли металли сурма аз консентратҳои сулфидии сурмадор» маъруза намуданд.
Маърузаҳои устодони донишкада аз рӯи технологияи ихтироънамудаашон пешниҳод шуда, аз тарафи олимони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои хубро соҳиб гардиданд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






