Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд

Ноябрь 12, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз  6 то 8 ноябр дар  Донишгоҳи марказии ҷанубии шаҳри Чаншаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи «Ҳамкорӣ ва ҳамгироии саноат, маориф, таҳқиқот ва татбиқи металлургияи зеҳнӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он устодони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, дар конференсия олимони 57 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургӣ Шаҳноза Раҳимова дар мавзуи «Ташаккул ва рушди саноати маъдан дар шимоли Тоҷикистон» ва мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ Ҳаёт Раҳимзода дар мавзуи «Коркарди самараноки истеҳсоли металли сурма аз консентратҳои сулфидии сурмадор» маъруза намуданд.

Маърузаҳои устодони донишкада аз рӯи технологияи ихтироънамудаашон пешниҳод шуда, аз тарафи олимони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои хубро соҳиб гардиданд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд