Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 21-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати СММ иштирок менамояд

Ноябрь 25, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар иҷлосияи 21-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, иҷлосия 23 ноябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ оғоз гардида, то 27 ноябр идома меёбад.

Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯриҳои алоҳидаи ҳайати мамлакат бо вазирони соҳавии минтақа, намояндагони ширкатҳои саноатии фаромиллӣ ва кишварҳои хориҷӣ барои баррасии самтҳои нави ҳамкории техникӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 25, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд