Ҳамкории илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Реҷенти Лондон таҳким меёбанд
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва дигар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ваколатдори Донишгоҳи Реҷенти Лондон мулоқот намуданд. Дар ин хусу ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои забономӯзӣ, соҳибкорӣ ва менеҷменти меҳмондориро баррасӣ намуда, роҳҳои амалии татбиқи барномаҳои муштарак, табодул академӣ, даъвати профессорони ҷонибҳо ва амсоли инҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Намояндагони Донишгоҳи Реҷенти Лондон таҷрибаи донишгоҳро дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи бизнес, хизматрасонӣ, маркетинг, идоракунии меҳмонхонаҳо ва забони англисӣ муаррифӣ намуданд.
Дар баробари ин, ректорони донишгоҳҳо ва ҳайати ҳамроҳон бо инфрасохтор ва муҳити таълимии Донишгоҳи Реҷенти Лондон шинос гардиданд.
Бояд иброз намуд, ки аз ҷониби донишгоҳи мизбон дар вохӯрӣ Морисио Эйтел, роҳбарияти департаменти забони англисӣ ва Винсент, муовини роҳбари Мактаби соҳибкорӣ ва меҳмондорӣ иштирок доштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давраҳои наздик барномаҳои омӯзиши забони англисӣ барои омӯзгорону донишҷӯён, такмили ихтисос ва мубодилаи таҷрибаи таълимиву илмии профессорони ҷонибҳо ба роҳ монда шаванд.
Ҳамин тавр, бояд иброз намуд, ки мулоқоти мазкур ҳамчун саҳифаи муҳим дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва таълимӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Реҷенти Лондон арзёбӣ мегардад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






