Ҳамкории муассисаҳои олии Тоҷикистон бо муассисаҳои Британияи Кабир тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 04.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Коллеҷи донишгоҳии Лондон (University College London – UCL) ва намояндаи Коллеҷи шоҳии Донишгоҳи Кембриҷ (King’s College, University of Cambridge) — Др. Гиллиан Тетт (Dr. Gillian Tett) вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.
Дар ин вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамчунин ҷалби таҷрибаи пешқадами таълимии UCL-ро ба низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин перомуни масъалаҳои ҳамкории илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷриба дар самти таҳқиқоти муосир, татбиқи усулҳои пешрафтаи таълимии Донишгоҳи Кембриҷ ва имкониятҳои таҳсил ва табодули донишҷӯён табодули назар намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯҳо ва таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкории илмӣ ва таълимӣ изҳор дошта, ин мулоқотро қадами муҳиме дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






