Бахшида ба баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва Форуми «Занон, сулҳ ва амният» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барномаи фарҳангӣ бо ибтикори кумитаи мазкур ташкил шуда, ба силсилачорабиниҳои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ бахшида шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо мақсади бозтоби нақши созандаи занон дар таҳкими сулҳ, субот ва рушди ҷомеаи минтақавӣ гузаронида шуд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ дар чаҳорчӯби Форуми «Занон, сулҳ ва амният» ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ байни занони кишварҳои минтақа, инчунин тарғиби арзишҳои сулҳ ва таҳкими муколамаи созанда мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи хотимавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, ки раёсати онро дар соли 2025 Тоҷикистон ба зимма дошт, 25 ноябр баргузор шуд.
Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи калидӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими рӯз ва пешниҳоди ташаббусҳои наве гардид, ки ба пешбурди роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






