Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавии «Ҷавонон-созандагони НБО-и «Роғун»» баргузор гардид

Ноябрь 24, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  таҳти унвони «Пешвои миллат ва ташаккули фарҳанги парчамдорӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.

Иштирокчиёни конференсия мавзуъҳоро оид ба нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги парчамдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии давлатсозӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба аҳамияти парчам ҳамчун рамзи муқаддаси давлат андешаҳои илмӣ баён гардиданд.

Дар доираи ҳамоиш инчунин намоиши китоб низ ташкил карда шуд. Он ба иштирокчиён имконият дод, то бо таълифоти Пешвои миллат дар бораи давлатдорӣ, ваҳдат ва арзишҳои миллӣ бештар шинос гарданд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ устодону донишҷӯёни  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамчунин дар ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Ҷавонон — созандагони Неругоҳи барқи обии «Роғун»» иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.

Мақсади ин иқдом аз таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон оид ба иқдоми бузурги созандагӣ дар мамлакат иборат буд.

Дар ҷараёни сафар роҳбарият, устодон ва ҷавонон бо раванди корӣ ва марҳилаҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» — иншооти азими аср шинос шуда, бо мутахассисон ва сарбозони дар ин иншоот фаъолияткунанда мулоқоти судманд анҷом доданд.

Иштирокдорон дар минтақаи обқабулкунанда, сарбанди асосӣ ва толори мошинҳои неругоҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону кормандони ин неругоҳ шинос гардиданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар ҳолати истифодаи иқтидори пурраи неруи об ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад. Истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти энергетикии имрӯзаи мамлакатамонро қонеъ мегардонад, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд.

Изҳор гардид, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба рамзи ваҳдату иқтидори созандагии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Иштирокчиён фаъолияти шабонарӯзии мутахассисону сохтмончиёнро арзишманд ва шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.

Онҳо саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди ин иншооти азим ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои калидии соҳаи энергетикаи мамлакат баланд арзёбӣ намуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода

 

 

Ноябрь 24, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид