Бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои бо шуғл фаро гирифтани онҳо вохӯрӣ баргузор шуд

Ноябрь 30, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Вохӯрии намояндагони гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»–и Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологӣ хабар доданд.

Дар мулоқот иҷрои стратегияю барномаҳои давлатии самт бо мақсади ҷалби бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани раванди бекорӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум баррасӣ карда шуд.

Мушовирони ҳуқуқии марказ ба донишҷӯён оид ба масъалаи бо шуғл фаро гирифтан, имконияти бо кор таъмин шудан  ва гузаштан аз машғулияти кӯтоҳмуддат маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба саволҳои сершумори онҳо посух доданд.

Чунин вохӯриҳои судманд барои баланд бардоштани малака ва имконоти бокортаъминшавии донишҷӯён-хатмкунандагон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид