Дар Академияи идоракунии давлатӣ Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – ганҷинаи гаронбаҳои низоми ҳуқуқии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин академия хабар доданд, дар кори конференсия зиёда аз 35 маъруза, ки фарогирандаи муҳимтарин ва мубрамтарин паҳлуҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, шунида шуданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ доир шуда, нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар инкишофи қонунгузории миллӣ, эътироф ва риояи ҳуқуқи инсон ва болобурди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд арзёбӣ гардид.
Иброз гардид, ки имрӯз мо бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақти дигар дида бештар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Зимни баррасии мавзуъҳо аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ баён гардид.
Инчунин дар конференсия китоби дарсии «Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷа», ки аз ҷониби устодони факултети ҳуқуқшиносии академия омода шудааст, рунамоӣ гардид.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






