Дар Қатар ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.
Тавре аз ин сафорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш тоҷикони муқими Қатар, аз ҷумла соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи тоҷик ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ иброз дошт, ки ин санаҳои муҳим барои тоҷикон рамзи ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол мебошанд. Сафир инчунин нақши роҳнамоӣ ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлатро дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ таъкид намуд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Қатар мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






