Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар фазои иттилоотии муосир: навоварӣ, мушкилот ва дурнамо» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конференсия олимону донишмандон масъалаи раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар фазои иттилоотии муосирро, ки яке аз масъалаҳои муфид ва мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон аст, баррасӣ намуданд.
Иброз шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату вохӯриҳояшон омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи донистани забони тоҷикӣ таъкид менамоянд. Аз ин рӯ барои шуруъ кардани омӯзиши забонҳои хориҷӣ нақши муассисаҳои томактабӣ, омода кардани дастуру усулҳои нави омӯзишӣ ва ташкили марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ хеле муҳим аст.
Дар доираи конференсия иштирокчиён таҷрибаи ҷаҳонӣ ва усулҳои навини омӯзиши забонҳои хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд. Таҷриба нишон дод, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва платформаҳои электронӣ имкон медиҳад, ки омӯзиш самараноктар ва ҷолибтар гардад.
Таҳияи барномаҳои интерактивӣ, замимаҳои мобилӣ ва воситаҳои омӯзишии онлайн дар рушд ва дастрасии забонҳои хориҷӣ барои ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Олимону мутахассисон иброз намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишҳои касбӣ, балки барои таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкории фарҳангӣ низ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, тавсеаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо марказҳои байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои муаррифии усулҳои нави таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи омӯзиши забон мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






