Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омӯзиши забони фаронсавӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 28, 2025 09:08

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр зимни мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мирзотоҳир Набизода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл оид ба густариш додани ҳамкорӣ мубодилаи афкор доир гардид.

Мирзотоҳир Набизода доир ба тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои хориҷӣ ва тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони фаронсавӣ ибрози назар намуд.

Ҳамсуҳбатон инчунин ташкили синфхонаҳои лингафонӣ, таъмин бо китобҳои дарсии муосири фаронсавӣ ва боло бурдани сифати таълими забони фаронсавиро дар донишгоҳ баррасӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Ноябрь 28, 2025 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад