Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи моҳияти иқтисоди сабз конференсия баргузор шуд

Ноябрь 25, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Иқтисоди сабз ҳамчун омили асосӣ оид ба беҳдошти вазъи экологии ҳавои атмосферӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Дар конференсия аҳамияти иқтисоди сабз ва зарурати таҳқиқи роҳҳои коҳиши ифлосшавии ҳавои атмосферӣ таъкид шуда, нақши омӯзиши илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти экологӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар мавзуъҳои «Парваришу нигоҳдории растаниҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ — омили ташаккули маърифати экологии хонандагону донишҷӯён», «Таъсири гармшавии иқлим ба муҳити зисти пиряхҳои Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти экологӣ, сабаб ва оқибатҳои фоҷиабори он ба ҳаёти инсон», «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ» маърӯзаъҳо пешниҳод гардиданд.

Таъкид шуд, ки хурдшавии пиряхҳо ба масъалаҳои таъминоти об, экосистемаҳо ва амнияти экологӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Маърӯзачиён саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки баррасии масъалаҳои муҳими экологӣ ва иқтисоди сабз барои рушди устувори ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ        

 

Ноябрь 25, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид