Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯён дар мавзуи «Амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, дар ҷамъомад масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили хатарҳои эҳтимолии дохилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон ва истифодаи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зарурати таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма таъкид карда шуд.
Иброз гардид, ки таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун ва тарбияи маънавии ҷавонон вазифаи умумии ҷомеа буда, донишҷӯён ҳамчун насли созанда бояд дар ин ҷода пешсаф бошанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон










Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






