Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Математика дар ҷаҳони муосир» баргузор шуд

Ноябрь 29, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии «Математика дар ҷаҳони муосир» бо иштироки олимони муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Русия  доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, конференсия ба 85-солагии донишманди барҷаста, доктори илмҳои физикаю математика, профессор шодравон Темур Собиров бахшида шуда, саҳми ӯ дар ташаккули мактаби математикӣ ва рушди илмҳои дақиқ таъкид гардид. Иброз гардид, ки фаъолияти илмӣ, корҳои таҳқиқотии арзишманд, дастгирии ҷавонони истеъдодманд ва саҳми олим дар муаррифии математикаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи созандаи ин донишманди барҷастаро боз ҳам устувор гардонидааст.

Дар конференсия аҳамияти илмӣ ва байналмилалии ҳамоиш баланд арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки ин на танҳо минбари муҳими муаррифии дастовардҳои нави илмии олимон аст, балки барои шиносоии мутахассисон бо равандҳои муосири рушди математика дар сатҳи ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами назариявию амалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо заминаи арзишманд фароҳам меорад.

Маърузаҳои илмӣ, ки дар конференсия пешниҳод шуданд, самтҳои гуногуни илми муосири математикаро дар бар гирифта, ба ширкаткунандагон имкони шиносоӣ бо равандҳои нави рушди илм, натиҷаҳои пажуҳишҳои охирин ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби илмиро фароҳам оварданд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин конференсияҳои байналмилалӣ барои муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик, тавсеаи ҳамкории муштараки илмӣ ва таҳкими робитаҳои судманд байни олимони мамлакатҳои гуногун аҳамияти хосса дорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид