Дар Душанбе масъалаи таҳсилоти босифат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр зимни ҷаласа дар шаҳри Душанбе рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти босифат барои наслҳои имрӯзу оянда ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки “боварӣ дорем танҳо тавассути талоши муштарак, ҳамоҳангии фаъол ва ҳамкории самарабахш метавонем заминаҳои устувор ва муҳимми рушди соҳаи маорифро дар мамлакат тақвият бахшем. Ҳамзамон дар роҳи таъмини таҳсили босифат барои наслҳои имрӯзу оянда қадамҳои устувор гузорем”.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ислоҳоти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ сафи шарикони рушд ва сармоягузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд мегардад.
Дар ҷаласа “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, вазъи иҷрои “Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026”, маблағгузорӣ ва идоракунии соҳаи маориф ва дигар масоил мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






