Дар Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори форум намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии дохилӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Русия ва намояндагони созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Форум бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия (9 декабр) бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчӣ бештар воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дастгирии соҳибкорӣ ва вусъат бахшидани чораҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат доир мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






