Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр вохӯрии Роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Бахтиёр Аҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба байни вакилони ду ҷонибро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки муносиботи стратегӣ байни ду давлати дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд. Табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат ба нафъи ҷонибҳо буда, метавонад барои расидан ба ҳадафҳои стратегии тарафҳо, бахусус пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат намояд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо гурӯҳи дӯстии Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор аст. Он ҳамзамон муколамаю мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро ба роҳ монда, барои ноил гардидан ба пешравиҳо талоши муштарак ба харҷ медиҳад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






