Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2025 15:23

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки   симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд. Рамзҳое, ки дар  Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо, агар  аз як тараф, гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданду имрӯз мо ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

«Парчами миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба хотири ҳаёти арзанда ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд», — таъкид шуд дар ҷараёни ҳамоиш.

Гуфта шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии мамлакатро эҳтиром намояд ва ба ин рукни муқаддас арҷ гузорад. Зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

 АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 24, 2025 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид